Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА дар самти муқовимат ба қочоқи маводи нашъаовар

0
1 509 просмотров

1 март директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Директори минтақавии маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Новокоски, ки бо сафари корӣ  ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.

Зимни мулоқот директори Агентӣ барои ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба гурӯҳҳои муташаккили маводи нашъаовари фаромиллӣ ва расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ба роҳбарияти Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо назардошти тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, фаъол гардидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ дар минтақа ва афзоиш ёфтани қочоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон омодагии худро барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба иброз намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд

Номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ба рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Қабули лоиҳаи қонуни ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: