Дастгоҳҳои ғайриоддӣ аз ширкати Apple

0
3 531 просмотров

Ширкати Apple аллакай дар оғози моҳи  апрел чорабиние мегузаронад, ки дар он намудҳои нави компютери планшетии iPad Pro бо экрани 10,5-дюмавӣ намоиш дода мешаванд, менависад DigiTimes. Ёдовар мешавем, ки айни замон iPad-ҳои «профессионалӣ» бо экранҳои диагоналаш 9,7 ва 12,9 дюймавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳамзамон чуноне MacRumors дар такя ба хабари манбаъҳои дигари иттилоотӣ менависад, намоиши маҳсулоти нави ширкати Apple аз 20-ум то 24-уми март намоиш дода мешудаанд.

Ба ғайр аз модели 10,5-дюймавии iPad Pro, ширкати Apple намуди навкардашудаи планшети 12,9-дюймавиро намоиш медодааст. Ҳардуи девайс ҳам ба «маҳсулоти асосии Apple» табдил меёфтаанд, ки ба синфи планшетҳои олӣ ва ҳам одии ширкат мутааллиқ хоҳанд буд.

Мувофиқи маълумоти манбаҳои хабарӣ, iPad Pro — 10,5-дюймавӣ соҳиби ҳамон андоза ва танае мешудааст, ки чуноне дар модели 9,7-дюймавӣ буд. Аммо гирди дисплей нисбатан бориктар карда хоҳад шуд. Худи iPad-и 9,7-дюймавии «профессионалӣ» ҳам нав карда мешавад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба амалҳои ҳаннотӣ даст задани шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нисбати шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ бинобар роҳ додан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: