Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ аз Тошканди Ӯзбекистон се медали биринҷӣ оварданд

0
6 437 просмотров

Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии мураббии мактаби варзишӣ Александр Пронженко дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки ду рӯзи аввали моҳи март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок карда, бо натиҷаҳои хуб баргаштанд.

Аз ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, ки варзишгарони соли таваллудашон 2000 – 2001 Лолахон Ҷумъаева, Леонид Пронженко, Беҳзод Авезов ва Муҳаммадалӣ Мирзозода дар ин мусобиқа соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарони наврас аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Намоиши маҳсулоти нонӣ дар Душанбе

Чанд рӯз қабл дар майдони назди Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» доир гардид. Дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: