Ҷаласаи Шӯрои духтарони вилоят баргузор гардид

0
6 129 просмотров

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавондухтарон дар ҷомеа бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода ва бонувону донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо ҷаласаи Шӯрои духтарони вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ эълон гардидани “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишони таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон арзёбӣ намуда, ҷавондухтаронро ба фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ даъват намуд.

Сипас дар ҷаласаи мазкур Ҳикоят Абдуҷалилова, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси Шӯрои духтарони вилоят интихоб гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин котиби Шӯро, муовинони раиси Шӯро ва 35 нафар аъзоён интихоб гардиданд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Клиентам из Таджикистана разрешили удаленно открывать карты российских банков

Власти России утвердили перечень стран, финансовые организации которых вправе удаленно открывать своим гражданам и иностранцам карты российских банков и счета в них. В список вошли все центральноазиатские республики бывшего ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: