Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти компютерӣ муҷаҳҳаз шуданд

0
1 811 просмотров

Бо мақсади муҷаҳҳаз гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи таҷҳизоти компютерӣ барои татбиқи маблағгузории сарикасӣ, аз ҷумла 70 адад ноутбук, 2 адад компютер (моноблок), 67 адад принтер, 65 модем ва 1 адад дастгоҳи нусхабардорӣ харидорӣ шуда, ба дастгоҳи марказии вазорат, раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ, муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастрас шуданд, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар».

Ин номгӯй таҷҳизот ба беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ҷорӣ намудани механизми маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Ин иқдом дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» амалӣ гардида, имкон медиҳад муассисаҳои тиббии кишвар ҳарчӣ бештар аз системаи ҳисоботии коғазӣ, ки вақту қувваи бештари кориро талаб мекунад, канорагирӣ намуда, ба системаи электронӣ ворид гарданд.

Дар доираи чорабиниҳо оид ба таҷдиду рушди соҳаи тандурустӣ татбиқи механизми ворид намудани маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбад, дар ин самт корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 20.11.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 20 ноября с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты: 1 доллар США – 9.4227 сомони, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: