Иштирокчиёни ҶБВ ва маъюбони садамаи Чернобил кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд

0
4 128 просмотров

Аз 1 январи соли 2017 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, мувофиқи замима кумакпулӣ пардохт карда хоҳад шуд.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 9 январи соли 2017, № 07 ба тасвиб расидааст.

Аз 1 январи соли 2017 ҳамзамон ба маъюбони бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ ба андозаи 80 сомонӣ кӯмакпулӣ то охири сол, мувофиқи замима пардохт карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чойи сиёҳ.

Чой таърихи кӯҳан дорад. Ҳанӯз 2700 сол пеш аз мелод дар дастнависҳои қадимаи чинӣ дар бораи чой маълумотҳо зикр шудаанд. Аз ҳамин сабаб, олимон макони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: