6 январ қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал доир мешавад

0
1 854 просмотров

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, 6  январи соли 2022 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиад.

Дастаи мунтахаби   футзали Тоҷикистон  таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1  то  15  апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дуюм дар баробари дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифт. Бар асоси натиҷаи  марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25  сентябр то 20  октябри соли  2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Сабади 1: Эрон, Узбекистон.

Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Непал, Молдив.

Манбаъ: АМИТ Ховар

           

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 25.10.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6923  сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: