Баргузории Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия дар Қуния

0
1 397 просмотров

16 декабр дар шаҳри Қунияи Туркия Бизнес-Форуми Тоҷикистон ва Туркия баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар медиҳад.

Бизнес-Форум дар ҳошияи сафари расмии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Туркия ва иштирок дар маросими 748-солагии маросими «Шаби арӯс» (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) ба нақша гирифта шудааст.

Инттизор меравад, ки дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.

Ҳамзамон дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор хоҳад гашт.

Пешбинӣ мешавад, ки бо дарназардошти корбариҳои дар доираи Форуму вебинарҳо ва сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба ду кишвар, ки қаблан давоми соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, дар ҳошияи чорабинии мазкур баимзорасонии якчанд санадҳои ҳамкорӣ сурат гирад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Турция задумалась о выходе из НАТО

Турция может выйти из НАТО, если страна перестанет получать поддержку от своих партнеров по альянсу в необходимом объеме. Об этом пишет британское издание Daily Express со ссылкой на заявления ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: