Баррасии масоили тайёр намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба Русия

0
1 981 просмотров

Санаи 25-уми ноябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалӣ намудани тайёрии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, баҳодиҳии сатҳи касбият, ҷалби корфармоён дар раванди бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ зимни вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза  Нодирӣ бо раиси Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия баррасӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои сатҳи забондонӣ, мукаммал гардонидани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Федератсияи Русия дар раванди ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва коркарди механизми он баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, директори Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, котиби Комиссия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, директори ҶДММ «Кадровое агенство «Персонал – Партнер»-и шаҳри Қазон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилаи соҳавии тарафайнро муҳим дониста, рушди муносибатҳои ҳамкориро дар самти муҳоҷират барои бозори меҳнат муҳим арзёбӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сиркбози точик дар Испания соҳиби ҷоиза гардид

Ҳунарманди ҷавони Сирки  тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар   Фестивали 8-уми байналмилалии санъати сиркӣ «Фили тиллоӣ» (8th International Circus Festival Gold Elephant in Gironа) иштирок карда,  Ҷоизаи махсуси мунаққидонро  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: