Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Қазоқистон омодааст

0
1 694 просмотров

Дар остонаи бозии дӯстона бо Қазоқистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии муваққатӣ Мубин Эргашев дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и Нур-Султон тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод.

Машғулиятҳо як соат давом карданд. Дастаи мо бо ҳайати пурра ба бозӣ омода шуд. Аз ин бармеояд, ки 21 футболбози даъватшуда дар ҳолати хуб қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и Нур-Султон баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳад.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сабабҳои кӯтоҳқадӣ ва фавти наврасон

«Aз 1 миллион насли навраси Тоҷикистон 300  ҳазор нафар кӯтоҳқаданд», — ба чунин хулоса омаданд мутахассисони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ. Таҳқиқи тиббӣ ва демографӣ дар Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: