Мбаппе қарори ниҳоии худро дар бораи ояндааш баровард

0
1 929 просмотров

Журналисти машҳури итолиёвӣ Ҷанлуки Ди Мартсио дар саҳифаи «твиттер»-и хеш хабар додааст, ки ситораи дурахшони дастаи «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе тасмими ниҳоӣ гирифтааст, то фаъолияти минбаъдаи варзишии хешро дар ҳайати “Реал Мадрид” пушти сар намояд.

Тибқи маълумоти журналист фаронсавӣ аллакай бо мадридиҳо дар ин бора ба мувофиқа расида, эҳтимол аст, ки то оғози моҳи феврал бо “Реал” қарордод бандад. Ӯ аз байни дастаҳои сершумор маҳз дастаи “шоҳона”-ро интихоб намудааст. Шартномаи феълии фаронсавӣ бо “ПСЖ” то анҷоми мавсими ҷорӣ эътибор дорад. Ҳамин тавр ӯ ба ҳайси футболбози озод ба ҳайати “гаразмониҳо” гузариш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Килиан аз соли 2017 дар дастаи ПСЖ бозӣ мекунад ва қабл аз ин ӯ шарафи “Монако”-ро ҳимоя мекард.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид

Дирӯз дар Душанбе дар доираи ҷаласаи 11–уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: