Хуҷанд: Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021»

0
1 360 просмотров

19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор  мешавад, иттилоъ  доданд аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
 ба АМИТ «Ховар».

Ярмаркаи мазкур чандин сол аст, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, мақсад аз  баргузории он рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ,  воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд буда, дар доираи он ташкили форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши тиҷоратии минтақавӣ шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳайати Тоҷикистон бо имконоти соҳаҳои гуногуни Узбекистон шинос гардид

Соҳибкорон, кишоварзон ва саноатчиёни шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ноҳияҳои Тайлоқ, Ургут ва Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рафта, бо таҷрибаи онҳо дар соҳаҳои гуногун, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: