Талаботи ҳангомавӣ ба iPhone 7-и бо ранги сиёҳи ҷилонок ороишдодашуда (Jet Black) ширкати Apple-ро барои дар ранги сафед аз истеҳсол баровардани як қатор намуди смартфонҳо, яъне ба онҳо додани ранги сафеди барфмонанд (Jet White) водор намуд. Дар ин бора блоги ҷопонии Macotakara бо истинод ба манбаҳои огоҳкунанда хабар додааст ва мегӯяд, ки шояд ин овозаҳо «эътимоднок набошанд».
Айни замон iPhone 7 ва тафсири нави калон кардашудаи 5,5-дюймавии он – Plus дар панҷ намуди рангҳо аз истеҳсол бароварда мешавад: нуқраранг, сиёҳи тира, тиллоранг, гулобии тиллоранг ва сиёҳи ҷилонок. iPhone 7-и сиёҳи ҷилонок пурра то оғозёбии фурӯши расмии «ҳафтгона», то санаи 16-умси сентябр фурӯхта шудааст.
Чун қоида Apple бо баровардани смартфони насли сиёҳ рангҳои навро низ ворид карданист. Масалан, нахустин телефони тиллоранги аз истеҳсол баромада ин iPhone 5s мебошад. iPhone 6s бошад, дар намуди гулобии тиллоранг баромадааст, ба истиснои iPhone 4-ум, ки дар соли 2010-ум баромада буд. Аз сабаби мушкилиҳои бо истеҳсолот вобастабуда модели ранги сафед пас аз 9 моҳи баромадани модели сиёҳ аз истеҳсол бароварда шуд.
Манбаъ: Macotakara
15 фраз, которые помогут собрать волю в кулак
Слова, которые нужно услышать, когда сбился с пути. В жизни каждого человека случаются сложности, но есть простые истины, которые нужно себе повторять в такие моменты. ...


Нет комментариев