Муаяйншавии ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ.

0
1 820 просмотров

Дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявии шиноварӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ байни варзишгарони шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 50 варзишгар аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд иштирок намуда, дар намудҳои гуногун миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи “Душанбе-1”, ҷои дуюм насиби “Душанбе-2” ва ҷои сеюм насиби дастаи “Суғд” гардид. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Манбаъ: varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Гранд-канал в Венеции» победил в Лондоне

Вчерашние торги «Искусство импрессионизма и модернизма» аукционного дома Sotheby»s в Лондоне принесли £170,3 млн. Топ-лотом, как и ожидалось, стала картина Клода Моне «Гранд-канал в Венеции», проданная за £23,7 млн. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: