Дастаи «Куктош» баъд аз бозиҳои зиёд ниҳоят пирӯз шуд

0
1 711 просмотров

Дар рақобатҳои даври 20-уми Лигаи олӣ дастаҳои «Куктош» ва «Истаравшан» рақобат намуданд. Нерусанҷии дастаҳо дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи «Куктош» анҷом ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юми майдондорӣ Бунёд Шодиев мизбононро ба пеш баровард. Баъдан дар дақиқаи 21-ум Азизбек Султонов шумораи голҳои дастаашро ба ду адад расонид. Кӯшишу талоши меҳмонон самар оварду дар дақиқаи 73-юм бо голи задаи Илҳомҷон Баротов натиҷа 2:1 шуд. Хотиррасон мекунем, ки дастаи «Куктош» баъди 11 бозӣ ниҳоят дар Лигаи олӣ пирӯз шуд.

Ҳамин тавр баъди ин бозӣ дастаи «Куктош» соҳиби 17 имтиёз шуда, ҳоло ҳам дар тагхонаи ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 20-ум

«Куктош» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Бунёд Шодиев, 3 (1:0). Азизбек Султонов, 21 (2:0). Илҳомҷон Баротов, 73 (2:1).

Манбаъ: varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

На Кубе подтвердили падение метеорита

Ранее множество очевидцев сообщили, что в небе над провинцией Пинар-дель-Рио прогремел мощный взрыв. Кубинское министерство науки, технологии и окружающей среды подтвердило, что над островом в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: