Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмони шаҳри Хуҷанд шуд

0
4 933 просмотров

Субҳи рӯзи якшанбе гурӯҳи бештар аз 30 нафараи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд омаданд.

Баъди пазироӣ меҳмонон дар шаҳри Исфара боздиди онҳо аз маркази вилоят идома ёфта, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Қасри Арбоб қабул намуд. Ба ҳайати меҳмонон аз ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон доири воқеаҳои таърихие, ки бо ин қасри бошукӯҳ алоқаманд аст нақл намуданд.
Сипас муовинони Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Назира  Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар пояи  стеллаи «Истиқлол» пазироӣ намуда ба намояндагони кишвари ҳамсоя доири маҷмаи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» ва дастовардҳои даврони истиқлолият, ки дар осорхона ба намоиш гузошта шудааст, маълумот доданд. Баъди маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассааи Камоли Хуҷандӣ ва ба ҷо овардани рамзи эҳтиром ба ёди ин ғазалсарои форсу тоҷик, меҳмонон хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандиро тамошо намуданд.

Ҳайати меҳмонон ҳангоми гусел аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмондории мардуми вилояти Суғд ба роҳбарияти шаҳру вилоят изҳори сипосмандӣ намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки робитаи байни мардуми ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя боз ҳам қавитар хоҳад шуд.

Манбаъ: khujand.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иштироки каратэчиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

Рӯзи гузашта дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон рақобатҳои Ҷоми ҷаҳон-2018 оид ба риштаи варзиши каратэ киокушинкай оғоз гардид. Ин мусобиқаи байналмилалӣ байни беҳтарин варзишгарони то ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: