Тоҷикистон аз ФБА 236 миллион доллар ба даст овард

0
2 027 просмотров

Фонди Байналмилалии Асъор (ФБА) эътибор пайдо кардани тақсимоти ҳуқуқҳои махсуси қарзро ба маблағи 650 миллиард  доллар барои кишварҳо аз санаи 23 августи соли ҷорӣ эълон кард.

Ба гуфтаи директории иҷроияи фонд, хонум Кристалина Георгиева, ин тақсимот ҳамчун такони ҷиддии иқтисоди ҷаҳонӣ хизмат мекунад ва  агар оқилона истифода бурда шавад, як имконияти беҳамто барои рафъи бӯҳрони бесобиқа хоҳад буд.

Ба туфайли тақсимоти  SDR, иқтисоди ҷаҳонӣ тавассути пур кардани захираҳои асъории кишварҳо ва кам кардани вобастагии онҳо аз қарзҳои гаронтари дохилӣ ё хориҷӣ пардохтпазирии иловагӣ ба даст меорад.

Кишварҳо метавонанд захираҳои молиявии дар доираи тақсимоти SDR пешбинишударо барои дастгирии иқтисоди миллӣ ва тақвияти мубориза бо бӯҳрон истифода баранд.

Тибқи тақсимот, Тоҷикистон 236 миллион доллари ИМА мегирад. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар Қазоқистон — 1,6 миллиард доллар, Узбакистон  750 миллион доллар, Туркманистон 325 миллион доллар ва Қирғизистон  242 миллион доллар ба даст меоваранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ФБА барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар ҷудо карда буд.

Манбаъ: АИ «Авесто»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Домашние роботы могут стать новым направлением развития для Apple.

Компания хочет предложить новый прорывной продукт, новый «next big thing». Внутри корпорации Apple сформированы группы инженеров, которые изучают перспективы создания так называемых персональных роботов. Как сообщает Bloomberg ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: