Ишқ сарҳад надорад: издивоҷи марди 71-солаи чинӣ бо маъшуқаи 114-солааш

0
4 493 просмотров

Зан чандин маротиба дархости мардро барои издивоҷ рад кардааст.

Дар Чин як зани 114-сола Чжан баъди як соли фикру мулоҳизаронӣ розӣ шуд, ки бо дӯстдори 71-солаш Чжэн издивоҷ кунад.

Бино ба маълумоти портали Sina, маросими издивоҷи ин ҷуфти пиронсолон дар музофоти Баучи ноҳияи Қошғар (ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин) баргузор шудааст.

Пас аз издивоҷ Чжен изҳор доштааст, ки бо ҳамсараш дар хонаи пиронсолон шинос шуда, аввал аз таомпазии Чжан ба ваҷд омадааст ва сипас таваҷҷуҳ кардааст, ки ӯ як инсони хеле хуб аст.

Ин мард иқрор шудааст, ки ҳарчанд чандин маротиба зан дархости ӯ барои издивоҷро рад карда бошад ҳам, муддати як сол ба ӯ изҳори ишқ намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки Чжан ба ӯ майлу рағбат пайдо кунад.

Манбаъ: https://news.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

YouTube навъеро барои наврасони то 10 сола ихтироъ намудааст

Digit.ru, Алина Гайнуллина. Видеохостинг YouTube версияи сайти худро барои истифодабарандагони навраси то 10 соларо ихтироъ карда истодааст ва бо провайдерҳо мулоқотҳоро оиди пешкаш намудани видеоконтентҳоро барои наврасони то ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: