Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсуху

0
2 102 просмотров

Санаи 12 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсуху барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо беҳтарин таманниёт Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Муғулистон табрик менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Муғулистон мебошад.

Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона талош варзем.

Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъйю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду давлати ба ҳам дӯсти моро минбаъд ҳам пеш бурда, бо мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу саодат ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти Президенти кишвар комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Муғулистон пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Спорт арена на 2/06

В Академии душанбинского футбольного клуба  «Истиклол» в поселке Алмоси  Гиссара завершился региональный Фестиваль футбола АФК для юношеских сборных до 14 лет стран Южной и Центральной ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: