Соли 2017-ум нахустин парвози шахсӣ ба Моҳ баргузор мегардад

0
4 050 просмотров

Ширкати Moon Express барои фиристодани модули кайҳонии худ ба Моҳ иҷозат гирифт ва парвозро аллакай ба соли 2016-ум ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад Hightech.fm.

Пештар парвозҳо ба Моҳ танҳо ба сохторҳои давлатии ҷаҳонӣ хос буданд.

Moon Express нахустин ширкати хусусие мегардад, ки ба Моҳ саёҳат мекунад. Иҷозатро ба парвоз Идораи федеролии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ додааст.

Акнун дилхоҳ ширкат метавонад барои паридан ба Моҳ, Марс ё ба астероидҳо аризаву дархости худро пешниҳод намояд. Кӣ медонад, шояд ба наздикӣ рушди бемайлони сайёҳии кайҳонӣ оғоз ёбад.

Нақшаҳо

Moon Express парвозро ба Моҳ дар соли 2017-ум ба нақша гирифтааст, вале дар бораи санаи аниқи парвоз ҳоло хабар дода нашудааст. Ширкат киштии кайҳонии на он қадар калонро ба фазо мефиристад, ки дар дохилаш таҷҳизот, асбобу анҷом ва лавозимотҳои барои таҷрибагузаронӣ зарурӣ, инчунин  молҳои тиҷоратӣ ва устухонҳои мумкардашудаи инсон ҷой хоҳанд дошт. Фатҳ намудани Моҳ аз ҷониби ширкати хусусӣ ду ҳафта давом хоҳад кард. Аз киштии кайҳонӣ аксҳо ва видео фиристода хоҳанд шуд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сборная России по футболу вышла в финальную часть Евро-2016

Сборная России пробилась в финальную стадию чемпионата Европы по футболу 2016 года. В понедельник, 12 октября, команда Леонида Слуцкого в Москве победила сборную Черногории со счетом 2:0 и заняла второе место в группе, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: