Дар вилояти Хатлон амалиёти рамзии «Пиёдагард» ҷараён дорад

0
2 587 просмотров

Аз 20 май дар вилояти Хатлон амалиёти мақсаднок бо номи рамзии «Пиёдагард» оғоз гардидаст, ки он то 30 майи соли равон  идома меёбад. Амалиёти мазкур бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардону велосипедронҳо  аз ҷониби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки ҷойҳои манъшударо убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо аҳолӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт вохӯриҳо гузаронида мешаванд, ки ба ошкор ва пешгирии ҳолатҳои аз тарафи пиёдагардон, велосипедронҳо, кӯдакону наврасон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур намудани роҳ, дар қисмати мошингарди роҳ идора намудани велосипеду мотоаробаҳо сафарбар карда шудаанд.

Новобаста аз он ки кормандони шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон бо пиёдагардон оид ба ҳаракати дуруст дар роҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиёдагардон ҳангоми убури роҳ аз чароғаки роҳнамо аломатҳои танзимкунандаро истифода накарда, сабаби ба вуҷуд овардани ҳолатҳои хатарноку садамавӣ мегарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суғд: бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст

Гардиши савдои хориҷии вилоятиСуғд  дар шашмоҳаи аввали соли 2019  1011,9  млн. доллари амрикоироташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 7,0 млн. доллар зиёд гардидааст.  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: