Аробачаи бачагонаи «доно» баромад, ки нерўъ коркард менамояд

0
3 562 просмотров

Ширкати 4moms аробачаи бачагонаи «доно»-и Meet moxi намоиш дод, ки ҳам аз қисми пушт ва ҳам аз пеш дорои чароғакҳо, генератор, датчикҳои гуногун, генератори барқӣ ва  ЖК-дисплей мебошад, хабар додааст The Verge.

Дар қисми пушти аробачаи бачагонаи Meet moxi генераторҳое насб карда шудаанд, дар роҳи равонашон барои нерўъ коркард намудан имконият  медиҳанд. Қувваи онҳо барои кори дастчикҳо, равшан кардани роҳ тавассути чароғакҳо ва инчунин барои аз нерўъ пур кардани смартфон басанда аст.

Аробачаи бачагонаи «доно» аз пайи дараҷаи ҳарорати ҳаво, давомнокии сайругашти дарозмуддат ва дараҷаи нерўи батарея назорат мебарад. То ин дам ба Meet Moxi дисплейи на он қадар калонро насб намуданд. Инчунин аз ҳамаи ахборотҳои зарурӣ тавассути замимаи смартфон огаҳӣ пайдо кардан  ва назорат бурдан мумкин аст. Боқӣ ин аробачаи бачагонаи «доно» аз дигар аробачаҳои муқаррарии бачагона ягон фарқияте надорад. Танҳо ҳаҷми он нисбат ба дигар аробачаҳо ба ҳаҷми 10 кг калонтар мебошад.

Нархи он 699 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд.

Масъалаҳои амнияти низомӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин чораҳои безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: