Ғолиби озмуни «Адрасбофи беҳтарин» 5 ҳазор сомонӣ мукофот мегирад

0
6 889 просмотров

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ, ба ҷои кор таъмин намудани занону духтарон ва ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи равон дар арафаи супоридани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба занони соҳибкору ҳунармандан озмун-мусобиқаи «Адрасбофи беҳтарин» гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 июни соли 2016, №309 ба тасвиб расидааст.

Дар озмун ҳунармандоне, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мебаранд, ширкат варзида метавонанд. Озмун аз бахшҳои зерин иборат аст:

— бофандаи моҳир (ҳарчӣ бештар бофтани адрас дар давоми як соат, 3 ҷой дар алоҳидагӣ);

— сифати беҳтарини адраси дастӣ(се ҷой дар алоҳидагӣ);

— нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги адраси дастӣ(се ҷой дар алоҳидагӣ);

— адрасбофи беҳтарин(Шоҳҷоиза).

Ҳунарманде, ки Шоҳҷоизаро дарёфт мекунад бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Дар бахшҳои дигар ғолибон аз 1 то 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 14.08.2023

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9512 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: