«Тоҷик Эйр» аз Бонки миллии Тоҷикистон барои хизматрасонии махсус иҷозатнома дарёфт кард

0
2 555 просмотров

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори марбута ба ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» барои анҷомдиҳии  хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ба муддати 3 сол иҷозатнома дод.

Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  мутобиқи қарори мазкур Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор аст дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон  қарори мазкурро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул намудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как распознать некачественное топливо?

Самый простой способ: слегка смочите бензином чистый лист бумаги. Подождите полного испарения жидкости с поверхности листа. Если перед вами снова чистый лист, можете смело пользоваться ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: