Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳор бомбаборон карданд

0
2 933 просмотров

Неруҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон, пас аз чандин моҳи таваққуф,  дар тӯли 48 соати охир мавзеъҳои ҳаракати “Толибон”-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволиҳои Жирӣ ва Спин Булдаки вилояти Қандаҳор бомбаборон карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи хабаргузории “Хома Пресс”.

Сухангӯи неруҳои ИМА ва хориҷӣ Санни Леггетт 17 март дар саҳифаи твиттераш навишт, ки ин ҳодиса замоне рух дод, ки ҷангҷӯёни толиб мехостанд ба мавзеъҳои неруҳои давлатӣ ҳамла кунанд.

Вай афзуд, ки бар асоси созишномаи Доҳа, онҳо неруҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистонро  мудофиа мекунанд.

Ҳаракати “Толибон” дар посух ба ин ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои амрикоӣ гуфт, ки онҳо бар хилофи созишномаи Доҳа амал кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”, дар як эъломия гуфтааст, ки дар тӯли 24 соати гузашта неруҳои ИМА мавзеъҳои “Толибон”-ро дар вулусволиҳои Панҷвойӣ, Жирӣ ва Хокрези вилояти Қандаҳор бомбаборон карданд, ки дар натиҷа “Толибон” талафоти зиёд диданд.

Вай афзуд, ки агар амрикоиҳо ҳамлаҳои худро идома диҳанд, онҳо низ ҳуҷумҳояшонро дар Афғонистон афзоиш хоҳанд дод.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Афшураи зардолу барои зимистон!

Афшураи зардолу чӣ хусусиятҳо дорад? Шарбати зардолу дорои  калтсийи зиёд мебошад, аз ин лиҳоз он барои кўдакони хурдсол ва занони ҳомиладор хеле муфид аст. 150 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: