«Истиқлол» аз роҳхат ба даври дигари Ҷоми КФО маҳрум шуд

0
5 289 просмотров

Дар вохӯрии даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ бо ҳисоби 0 бар 1 ба шикасти навбатӣ дучор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тӯби ягонаро дар ин бозӣ меҳмонон дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонидаанд.

Баъди ин шикаст дастаи «Истиқлол» дигар тамоми имконоти раҳёбӣ ба марҳилаи дигари Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016-ро аз даст дод.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» пас аз чор давр дастаи «Истиқлол» бо 1 имтиёз (1 мусовӣ ва 3 бохт) зинаи охирини чорумро ишғол намуда, ҳатто дар сурати пирӯзӣ дар ду давари боқимонда низ ба роҳхат ба даври дигари мусобиқа соҳиб намешавад.

Дар гурӯҳи «В» зинаи аввалро бо 9 имтиёз — «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, зинаи дуюмро бо 8 имтиёз — «Ал-Файсалӣ»-и Ӯрдун ва мақоми сеюмро бо 4 имтиёз тими «Триполи»-и Лубнон ишғол мекунанд.

Манбаъ: http://news.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

APPLE ба ҷузъиёт аҳамият медиҳад

Маҳсулоти  Apple  ҳама вақт бо дизайни сифатноку нозукиҳои худ сазовори шуҳрат буд ва боқи мемонад. Аҷоибии кор дар он аст, ки баъзе ҷузъиёти  Apple  барои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: