16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон мегардад

0
3 233 просмотров

Интизор меравад, ки дар оянда рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон ва таҷлил карда шавад. Дар ин росто 11 апрел аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» -ро муҳокима намуданд.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Манбаъ: http://khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вновь стала бесплатной! Нейросеть Midjourney — теперь прямо в браузере

Можно сгенерировать до 25 картинок. Разработчики популярной нейросети для генерации изображений Midjourney запустили полноценную работу её веб-версии, которая ранее была доступна только в бете, и отвязали продукт ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: