Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз меёбад

0
6 370 просмотров

Имрӯз, санаи 7-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо бозии байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз меёбад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мавсими соли 2016, ки маротибаи 25-ум гузаронида мешавад, дар мусобиқот 10 даста ширкат меварзанд. Дар рақобатҳои даври аввал ба ғайр аз “Истиқлол” ва “Парвоз”, инчунин “Регар ТадАЗ”бо КМВА “Помир” ва”Хуҷанд” бо “Вахш”( 9 апрел) ва “Хайр” бо “Равшан”(10 апрел) вориди майдон мешаванд.
Тавре пештар хабар дода будем, аз сабаби ба мушкилоти молиявӣ дучор шудан дастаи “Далерон-Уротеппа”, соҳиби медалҳои биринҷии мавсими футболи соли 2014 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқа даст кашид.
“Ҳосилот”-и Фархор ягона дастае мебошад, ки аз лигаи якум ба лигаи олӣ гузаштааст.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Либосҳои миллӣ

Ин либосҳои миллӣ барои мардон мебошад, ки аз тарафи дӯзандагони Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳия гардидааст. Мадина Анварова ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: