Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро гардид

1
5 172 просмотров
www.tribun.tj

www.tribun.tj

Барои  пурра  гардонидани  қушунҳо  аз   тарафи   комиссариати  ҳарбии вилояти   Суғд  ба комиссариати  ҳарбии  шаҳри  Хуҷанд  нақшаи даъват   ба хизмати ҳарбӣ 141 нафар  муқаррар шуда буд.  Масъулини  комиссияи  даъват, иттилоъ  дода буданд, ки  нақшаро пеш аз мӯҳлат  ба сомон мерасонанд.  Дар  ҷаласаи  ҷамъбастии  комиссияи  даъвати тирамоҳии  ҷавонон  ба сафи артиши миллӣ  раиси  комиссияи  даъват  дар шаҳри  Хуҷанд  Иброҳим  Иброҳимов  иттилоъ дод, ки санаи 2-уми октябр бошад  аз аввалинҳо шуда аз шаҳри  Хуҷанд  40 нафар  ҷавонони синни даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хизмати модар ватан,  дар вазъияти  тантанавӣ гусел карда шуданд.  Ҳамчунин қайд гардид, ки  ба сафи  қувваҳои  мусаллаҳи кишвар  142 нафар  ҷавонони  солҳои таваллудашон  1987-1996  сафарбар карда шуданд, ки аз ин теъдод  115 нафар  аз оилаҳои  коргар,  19 нафар  аз оилаи  деҳқонон  ва 6 нафар  сафарбаршудагон аз хонаводаҳои  мансабдорон  мебошанд. Дар ин рӯз, дар  вазъияти тантанавӣ   аъзоёни фаъоли  комиссияи даъват  ва  раисони  кумитаҳои  махаллаҳо бо  ифтихорнома  ва тӯҳфахои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора ҳамкоронамон аз телевизиони Азия иттилоъ медиҳанд.

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Гусели мутантани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

Санаи 7 октябри соли 2017 гурӯҳи калони даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ба муносибати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: