Фестивал-озмуни «Биё бо ҳам бихандем»

0
4 175 просмотров

Санаҳои 29, 30 ва 1-уми апрели соли равон дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ханда дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» бо иштироки гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар ҳадаф аз баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ, қабл аз ҳама, ривоҷу равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани падидаҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба ҳаҷву мутоиба ва истироҳати ҷавонону наврасон мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ барои иштирокдорони фестивал-озмун нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самый высокий восьмилетний ребенок в мире

Индийский мальчик по имени Каран Сингх стал рекордсменом Книги рекордов Гиннеса сразу после рождения. Рост новорожденного составлял 63 сантиметра, а вес 7,8 килограмм. Теперь же ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: