Гумонбарии чор нафар дар муомилоти ғайриқонунии «симоб»

0
5 243 просмотров

Санаи 28-уми марти соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаҳрвандон: ду нафар сокини шаҳри Ваҳдат; марди 63, дигарӣ 40-сола, инчунин марди 52-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвӣ дастгир карда шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудагон дар маҷмӯъ 486 грамм металли “симоб” дарёфт ва мусодира гардид. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Манбаъ: http://www.mvd.tj/index.php/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷакарта

Шаби 31-уми июли соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Индонезия шуд. Дар толори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: