Нашри эҳсоситарин суруд ва намоҳанги Нигина Амонқулова

0
2 118 просмотров

Таронаи нави овозхон аз ишқи ғамангез ва поёни фоҷиабори он қисса мекунад.

Саҳнаҳои намоҳангро Рафаел Гулов, блогери шинохта ва ҳунарманди ҷавон  Амина Ҳафизова бозидаанд ва он дар сафҳаи Didor HD дар Youtube нашр шудааст.

Дар маркази сужаи навор ҷуфти ҷавони ошиқ ҳангоми видоъ дар терминали Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе қарор дорад.

Дар оғози навор қаҳрамони Амина аз дӯстписараш хоҳиш мекунад, ки барои кор ба кишвари бегона наравад ва ӯро водор мекунад, ки бимонад.

Аммо ҷавон инро шунидан намехоҳад ва мехоҳад барои хариди манзил ва мошин пул кор кунад.

Дақиқан пас аз як сол, духтар дар ҳамон ҷо бо ҷасади ошиқи фавтида вомехӯрад ва акнун бояд танҳо бо ин ғам зистанро ёд гирад.

Хонум Амонқулова аз серкортарин ҳунармандони мусиқии попи тоҷик ба шумор меравад, ки моҳҳои ахир таронаҳояш пайиҳам пешкаши мухлисон мегардад ва тарҳи нави ахираш таҳти унвони «Legends live forever» мақбули ҳаводоронаш гашта буд.

Манбаъ: https://sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рекорди навбатии Питер Крауч дар Англия

Ҳамлагари  «Сток Сити» Питер Крауч аз ҷиҳати миқдори аз ҳайати бозингарони захиравӣ ба майдон баромадан дар Премиер Лигаи Англия ба ҷои аввал баромад. Ҳамлагари 36- ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: