Баргузории озмуни​ “Донишҷӯи сол-2020”​ дар​ ДДҲБСТ

0
1 851 просмотров

3 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” баргузор гардид.​

Ректори донишгоҳ​ Муъмин Шарифзода пеш аз оғози озмун​ баромад карда афзуд, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ вилояти Суғд ҳамасола​ роҳандозӣ мегардад.​

Сипас, 15 нафар ғолибони даври факултетии озмун​ барои пирӯзӣ дар даври донишгоҳӣ байни ҳам рақобат карданд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба донишу маҳорати​ довталабон баҳогузорӣ карданд.

Дар натиҷа, донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунӣ Аслия Абдуллоева сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи соли чоруми факултети молия Ҷаҳонгир Фатҳуллозода сазовори ҷойи​ дуюм ва донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ Рустам Қориев сазовори​ ҷойи сеюм​ гардиданд. Ҳамчунин бо гирифтани холҳои зиёд донишҷӯён Парвина Додобоева, Маликабону Юсупова, Манижа Ҳидоятова ва Мутриба Самадова ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Выпускницы Школы лидерства приступят к работе

30 молодых женщин и девушек города Худжанда успешно прошли курсы Школы лидерства. Впредь они смогут руководить различными отраслями народного хозяйства. Исполнительный  орган государственной власти города ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: