Оғози мавсими интиқоли гармӣ дар Душанбе

0
1 873 просмотров

Шурӯъ аз имрӯз, 12 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар айни замон  502 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Тоҳир Каримзода бо Павел Шалюс

Ҳафтаи сипаригардида,  дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Тоҳир Каримзода бо Намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ) дар шаҳри Москваи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: