Гурӯҳи корӣ иҷроиши қонуни забони давлатиро месанҷад

0
2 832 просмотров

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода давоми ду рӯз аст, ки гуруҳи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд навиштаҷоту овезаҳои таблиғотӣ ва номгузории марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳо ва ширкатҳои маркази вилоятро бобати риояи қонуни забони давлатӣ месанҷад.
Гурӯҳи кориро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродӣ роҳбари намуда ба он роҳбарони шӯъбаҳои дахлдори шаҳрдорӣ масъулини комиссияи тадбиқи қонуни забони давлатӣ, корхонаи воҳиди давлатии назорат ва танзими реклама шомил ҳастанд.
Давоми мӯҳлати зикргардида гурӯҳи корӣ бештар аз 20 маркази хизматрасонӣ, мағоза, корхонаю ташкилотро аз назар гузаронида нисбати вайрокунандагони талаботи мавҷуда ва санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ андешиданд.
Бештари ҳолати вайрон намудани талаботи қонун ин риояи нашудани номгузории ин марказу мағозаҳо бо забони ғайритоҷикӣ буда, бештари онҳо бо забони русӣ номгузорӣ шудааст.

Гурӯҳи корӣ иҷроиши қонуни забони давлатиро месанҷад.Гурӯҳи корӣ иҷроиши қонуни забони давлатиро месанҷад.Ҳамчунин ин гурӯҳ ҳолатҳои вайрон шудани талаботи имло, омехтагии забони тоҷикиро бо забонҳои дигар мушоҳида намуданд.Нисбати шахсоне, ки пештар огоҳии мақомоти дахлдорро сарфи назар карда буданд, чораҳои фаврӣ андешида, барои нафарони бори аввал ба камбудиҳо роҳ дода мӯҳлат барои ислоҳи вазъ дода шуд. Гурӯҳи корӣ ният дорад то ба низому тартиб даромадани номгузории ин муассисаю марказҳо кори худро идома диҳад.

Манбаъ: http://khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2018

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: