Легионери тоҷик дар клуби Шветсия

0
2 432 просмотров

Шаҳром Сулаймонов, ҳамлагари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар ҳайати бошгоҳи “Хеккен”-и Шветсия бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар бо такя ба иттилои бародари Шаҳром — Шаҳзод Сулаймонов хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, “Хеккен” Шаҳромро аз “Рубин”-и Қазон, ки қаблан дар ҳайати тими ҷавононаш бозӣ мекард, харидорӣ кардааст. Маблағи қарордод эълом нашудааст. Ин футболбози тоҷик дар ҳайати ин тим дар сабқати двизиони олии чемпионати Шветсия ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Сулаймонов соли 2009 дар ҳайати “Рубин” бозӣ кардааст. Соли 2014 ӯ беҳтарин бозигари қисмати финалии мусобиқоти Русия миёни футболбозони соли таваллуди 1997 эътироф гардид.

Дар мавсими сипаришудаи чемпионати Шветсия “Хеккен” миёни 16 даста, мақоми ҳафтумро ишғол карда буд. Сабқати имсола 6 апрел шурӯъ мешавад.

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Индия предоставит согдийцам свою продукцию

Выставка индийских товаров пройдет в административном центре Согдийской области – городе Худжанд. Очередная выставка товаров и продукции индийских производителей пройдет во Дворце Рудаки Худжанда, сообщает ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: