Сокини ноҳияи Ғончӣ умри дубора ёфт

0
4 138 просмотров

Дар соҳаи тибби вилоят рӯйдоди муҳими ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникавии № 1-и маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии  пайваст  намудани гурдаи модараш бомуваффаққият гузаронида шуд. Давоми як ҳафта мешавад номбурда дар шӯъбаи эҳё табобат гирифта, назар ба маълумоти табибон дар рӯзҳои наздик  ба назди пайвандони худ бармегардад. Дирӯз муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои хабаргирии Фурқат Мансуров ба бемористон рафтанд. Масъулини Беморхонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур давоми 6 соат аз ҷониби табибони  Маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе иҷро гардид ва нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон бомуваффақият гузашт. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ежесекундно на Нурекской ГЭС сбрасывается до 900 м³ воды

В Душанбе продолжается Международная конференция высокого уровня, которая даст старт Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития, 2018 – 2028». Нурекская ГЭС — крупнейшая гидроэлектростанция ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: