Килиан Мбаппе гирифтори бемории COVID-19 шуд

0
2 567 просмотров

Ҳамлагари дастаи «ПСЖ» ва тими мунтахаби Фаронса – Килиан Мбаппе гирифтори бемории коронавирус шудааст. Ҳамлагари 21-сола дар бозиҳои Лигаи Миллатҳо ба ҳайати тими миллии кишвараш даъват шуда буд. Аз сабаби натиҷаи мусбии санҷиш, ӯ дар бозӣ бар муқобили Хорватия вориди майдон намешавад.

Мбаппе аввалин футболбози «ПСЖ» нест , ки ба ин вирус гирифтор шудааст. Пештар хабар дода шуда буд , ки Неймар, Мауро Икарди, Анхел Ди Мария, Леандро Паредес ва боз ду бозигари дигари «ПСЖ», ки номашон ифшо нашудааст, мубталои COVID-19 гардидаанд. Аз ин сабаб, баргузории бозии байни парижиҳо ва «Ланс», ки рӯзи 10 сентябр дар назар аст, зери суол аст.

Бо сабаби иштирок дар финали Лигаи Чемпионҳо , «ПСЖ» дар Лигаи 1, ки ду давр аллакай гузаштааст, то ҳол ягон бозӣ накардааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сӯзишвории ройгон ба оилаҳои ниёзманд.

Ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирии аҳолии ниёзманд ҳамаҷониба тадбирҳои амалӣ меандешад.  Тавре ки аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, шахсони бесарпаноҳмонда, камбизоат ва ниёзманд ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: