Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия роҷеъ ба масъалаҳои СҲШ ройзаниҳо баргузор карданд

0
1 718 просмотров

3 сентябр дар шаҳри Москва байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ройзаниҳо доир гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъ ва дурнамои рушди фаъолияти баъдии абзорҳои ҳамкорӣ дар СҲШ-ро дар шароити ҳолати кунунии эпидемиологӣ баррасӣ намуданд. Инчунин ҳамоҳангсозӣ  дар мавриди иддае аз пешниҳодҳои кишварҳои узви Созмон сурат гирифт.

Ройзаниҳои мазкур мутобиқи Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2020 баргузор гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тухм ва тарзи дурусти интихоб

Чӣ  хеле маълум гаштааст, истеҳсолкунандагон роҳҳои ранги тухми мурғи фабрикавиро ба тухми мурғи хонагӣ  монанд намуданро омӯхтаанд. Зардии тухми мурғи хонагӣ  нисбати тухми мурғи фабрикавӣ  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: