Як сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони қаллобӣ дастгир карданд. Дар ин бора ба Радиои Тироз аз мақомоти милитсияи вилоят иттилоъ доданд. Ин ҷавон 32-сол дошта , Анвар ном бурда мешавад. Аз рӯйи тафтишоти милитсия номбурда бо роҳи фиреб автомашинаи як сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Гафуровро аз худ кардааст. Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии ҷабрдида даромада, автомашинаи арзишаш 51 ҳазор сомонии ӯро аз худ мекунад ва бар ивазаш аз маҳаллаи 3-уми шаҳр китъаи замин ваъда мекунад. Вале аз байн панҷ моҳ мегузараду ба ваъда вафо намекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ба мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд шикоят мебарад ва гумонбарро дастгир карда, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноӣ чораҳо андешида истодаанд.
«Тироз»-и мо ё худ радиои маҳбуби мардум — 25 соли парвозро дар фазои сулҳу истиқлол ҷашн мегирад
Имрӯз 1-март оғози баҳор, фасли эҳёшавии табиат. Бо қадами хуҷастаи баҳор ҳама ҷо ҳусну таровати дигар мегирад. Замину замон қабои сабзро ба бармекунад. Табиат аз ...


Нет комментариев