Як сокини 23-солаи шаҳри Хуҷандро ба гумони содир намудани ҷинояти куштор боздошт карданд. Ин ҷавон ба куштори як сокини дигари шаҳр муттаҳам мешавад. Тавре Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар сомонааш хабар додааст, ҳодиса санаи 16-уми декабр рух додааст. Гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматияш бо сокини дигари шаҳри Хуҷанд, ки ному насаби ӯ зикр нашудааст, муноқиша мекунад ва меҳмонро бо корди хоҷагӣ захмдор менамояд. Дар натиҷа ҷавони 25-сола аз ҷароҳатҳои бардоштааш, дар беморхона вафот мекунад. Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.
«То ба Наврӯзи дигар моро расон!»,- ин беҳтарин дуои тоҷикист
Вожаи Наврӯз ҳамрадифи вожаи пирӯзист, зеро маҳз расидани Наврӯз оғози пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, пирӯзии гармо бар сармост, пирӯзии нишот бар ғаму кулфат аст. Наврӯзи ...


Нет комментариев