Шоҳрух Юнусов ба шоҳҷоизаи фестивали Франкфурт соҳиб шуд

0
2 435 просмотров

Дар Фестивал-озмуни III байнулмилалии мусиқии «Musikalischer Regenbogen» (2-7 декабр) миёни кӯдакони лаёқатманд аз кишварҳои гуногун дар шаҳри Франкфурти Майни Олмон намояндаи Тоҷикистон Шоҳрух Юнусови 17-сола ба мукофоти асосии фестивал — Шоҳҷоиза (Гран-при) соҳиб шуд.

Дар мусоҳиба Шоҳрух Юнусов қайд кард, ки дар доираи фестивал онҳо аз як қатор кишварҳои Аврупо боздид кардаанд.

Шоҳрух зикр кард, ки ба ин чорабинӣ ӯро профессори Донишгоҳи Милан ва роҳбари бадеии академияи «Бел-Канто-Интернешнл» Атҳам Холиқов омода намуда, аз ҷиҳати молиявӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дастгирӣ кардааст. Аз рӯи натиҷаҳои озмун ба онҳо ҳамчунин диплом ва номаҳои миннатпазирӣ аз дастандаркорони фестивал тақдим шудаанд.

«Бо истифода аз фурсати қулай ба устодам Атҳам Холиқов ва Абдураҳмон Қодирӣ барои дастгириашон ва фароҳам овардани имкон барои иштирок дар ин фестивали пуршукӯҳ миннатдорӣ изҳор мекунам», — гуфт ӯ.

Манбаъ: http://news.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Боздиди сафири ИМА аз шаҳри Исфара

Рӯзи сипаригардида, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзен Эллиот ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.  Сароғоз, Сюзен Эллиот ва раиси шаҳри Исфара ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: