Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ гардиданд

0
1 993 просмотров

июл суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сардори Департаменти федералӣ оид ба корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария Игнасио Кассис баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти суҳбат вазирон дар робита ба ҳамагирии COVID-19 ва ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳамияти иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои маҳдуд намудани паҳншавии COVID-19 ва мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла Ҳукумати Швейтсарияро, дар ҷараёни бартараф кардани паёмадҳои он таъкид намуд.

Мусоҳибон бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19 изҳор намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид карданд. Шарокат ва дастгирии тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ муҳим дониста шуд.

Ҳамзамон, раванди амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Конфедератсияи Швейтсария (5-6 ноябри соли 2019) ҳосил шуда буданд, мавзӯи меҳварии ин сӯҳбатро ташкил дод.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: