Табибони Полша барои табодули таҷриба ба Тоҷикистон омаданд

0
2 014 просмотров

Шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша иборат аз 16 нафар ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Табибонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода истиқбол гирифт.

Онҳоро дар ин сафар ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони Полша ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ширкати Tcell бо ҷоизаи тиллоии “Бренди Сол” мукофотонида шуд

Ширкати Tcell дар озмуни “Бренди сол” дар номинатсияи  “Маҳсулот ва хизматрасониҳои технологияҳои муосир (компютерҳо, барномаҳои компютерӣ, хидматҳои коммуникатсионӣ ва телекоммуникатсия) беҳтарин дониста шуд. Дар маросими ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: