Мӯътадил мондани қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ

0
3 094 просмотров

Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд, ҳафтаи равон қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, муътадил боқӣ монда, 1 доллари ИМА ба ҳисоби миёна 6,85-6,88 сомонӣро ташкил намуд.
Хадамоти матбуотии Бонки миллӣ хабар медиҳад, ки: “Баъди интизориҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ маълум гардид, ки  меъёри фоизи байнибонкии Бонки марказии Амрико тағйир намеёбад ва он чунин ҳам шуд, яъне дар сатҳи пешина тасдиқ гардид. Бинобар ин,  бозорҳои ҷахонӣ ҳафтаи ҷориро нисбатан муътадил ҷамъбаст карданд. Дар натиҷа рубли русӣ +3,2 фоиз, нафти навъи брент +3,0 фоиз, тилло +2.9 фоиз пурқувват шуданд, ки ин то андозае барои дар сатҳи муътадил мондани қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мусоидат кард. Дар ин давра қурби миёнаи амалҳо бо евро ва рубли русӣ андаке баланд шуда, мувофиқан ба 7,60 сомонӣ барои 1 евро ва 0,103 сомонӣ барои 1 рубли русӣ баробар шуд”.

Дар ин бора khovar.tj  иттилоъ медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президентом Сингапура впервые стала женщина

Новым президентом Сингапура стала Халима Якоб, которая до недавнего времени являлась спикером парламента.  Таким образом 63-летняя Якоб стала первой женщиной — президентом страны, а также ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: