«Шанбе – шоу» боз бо шумост!

0
2 383 просмотров

Саломи гарму ҷӯшони маро қабул фармоед, мухлисони ҳамешагии барномаҳои радиои «Тироз»!

Шуморо шодбошӣ мекунам, зеро акнун барномаи дигари интерактивии бо ном «Шанбе-шоу» тақдими якояки шумоён мегардад. Чун пештара он ҳафтае як маротиба, рӯзи шанбе мустақиман пахш мегардад. Барномаи мазкур баҳри истироҳату болидахотирии Шумоён, азизони дил таҳия мегардад. Ин барнома ҷамъбасти ҳамаи барномаҳои ҳафтаинае мебошад, ки тавассути радио садо дода буданд. Тӯли он Шумоён, шунавандагони мӯҳтарам, истифодабарандагони азиз, бевосита иштирок карда, доир ба мавзӯъҳои мондагортарине, ки бароятон мақбул ва ҷолиб буд, фикру ақидаҳои хешро иброз карда метавонед. Бо гирифтани рақамҳои 92-777-10-67 шумо метавонед бо ин барнома ба иртибот бароед. Он соати 12:20 оғоз гашта, соати 14:00 ба охир мерасад. Тӯли ин соатҳо шумо метавонед ҳамчунин сурудҳои писандидаи худро дархост намоед ва ё бо ягон санаи муҳим пайвандону наздиконро табрик гуфта бошед. Мо ҳам дар навбати худ азм дорем, то истироҳати шуморо хотирмону фараҳбахш сохта, дараҷаи маърифатнокиву пурдонии Шумо, дӯстдорону ҳаводорони мавҷи радиои «Тироз» -ро тақвият диҳем.

«Шанбе-Шоу» хотироти муассири Шумо, дар рӯзи истироҳати пур аз ҳаловату ҳузур!

Нет комментариев

Также рекомендуем

Первый прямой рейс вылетел из Худжанда в Дубай

Первый прямой рейс по направлению «Худжанд-Дубай» вылетел из Международного аэропорта «Худжанд» вечером 4 февраля 2024 года. Пассажирский рейс по направлению «Худжанд-Дубай-Худжанд» выполнен авиакомпанией «Сомон Эйр». ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: