Сӯҳбати вазир аз 10 донишҷӯи дар Чин монда

0
2 286 просмотров

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии донишҷӯёни дар Вуҳани Чин мондаи тоҷикро тавзеҳ дод.

Ёдрас мешавем, Тоҷикистон 11 феврал 46 шаҳрвандашро аз Чин баргардонид, аммо 10 донишҷӯи дигар дар Вуҳан монданд.

«Вақти овардан 7 нафар аз донишҷӯён таби баланд доштанд ва мувофиқи қоннугузории Чин интиқоли онҳо муваққатан мамнӯъ аст. Се нафари дигар ихтиёран аз бозгаштан ба Тоҷикистон даст кашиданд», — гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вазир афзуд, ки феълан саломатии донишҷӯён хуб аст ва ба онҳо хатаре таҳдид намекунад.

«Ҳамаашон дар хобгоҳҳояшон қарор доранд, зери назорати табибонанд», — қайд кард вай.

Сироҷиддин Мӯҳриддин таъкид намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар иртиботи бевосита бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвар аст ва феълан, мақомоти Тоҷикистон роҳҳои баргардонидани донишҷӯёнро андешида истодааст ва «шароит хуб ки шуд, онҳоро бармегардонад».

Манбаъ: https://sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: