Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ

0
2 008 просмотров

Дар Теҳрон 25 январ   вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон Алиасғар Мунисон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ муҳокима намуданд.

Фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди муносибатҳо дар ин соҳаҳо, мубодилаи таҷриба байни мутахассисони ҳар ду тараф, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва тавсеаи гардишгарӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи соҳавӣ арзёбӣ гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Соли Нави 2021 муборак! С Новым 2021 годом!

Хамдиёрони Азиз! Кормандони ҶДММ ШТРР «Тироз » Шумоёнро бо Соли нави 2021 табрику муборакбод гуфта, ба Шумоён тансиҳатӣ, табъи болида, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: