Эҳсонҷон: Қасди мондашавиро аз ҳамсарам мегирам

2
3 337 просмотров

Дӯстони азиз, истифодабарандагони гиромӣ ҳамарӯза баҳри болидагии табъи Шумо беҳтарин барномаву таронаҳо аз мавҷи радиои “Тироз” ҳамзамон тариқи онлайн аз медиапортали www.tiroz.org  танинандоз мегарданд.

Агар инсон табъи хира дошта бошад, ба дилаш ҳеҷ чиз намеғунҷад.  Баъзан ашхос барои табъи хираи худро болида намудан, ба сайру гашт, тамошои манзараи зебои табиат, муҳити зист мебароянд. Дигаре табъи худро бо шунидани суруду мусиқии дилангез таскин мебахшаду аз он ҳаловат мебарад.

Аллакай пай бурдед, ки мо чӣ гуфтанием!

Бале Шумо дуруст фаҳмидед. Ҳамарӯза барои омода намудани савту навоҳои дилнишин барои шунавандагони радиои Тироз инчунин медиапортали www.tiroz.org Султонҷон Усмонов, Андрей Леоненко, Эҳсон Воҳидов ва Эшқул Файзуллоев заҳмат ва вақти хешро масраф менамоянд.

Имрӯз аз рафти омода намудани мусиқиҳои дилфиреби коргардони пахш Эҳсон Воҳидов (ба истилоҳ плейлисти мусиқавӣ) шунавандагону истифодабарандагонро шинос мекунем ва сӯҳбате меороем бо Эҳсонҷон.

Омода намудани таронаҳои ҷаззоб ягон душворӣ дорад?

Эҳсонҷон: Душворӣ надорад, лекин дили ҳар шунавандаро ёфтану суруди ба ӯ писандро гузоштан камтар мушкил аст. Шунаванда хеле ҳассосу нозуктабиат аст, барои ин кӯшиш бояд кард, ки дили онро ба даст овард.

 Омода намудани савту наво вақти шуморо зиёд мегирад?

 Эҳсонҷон: Баъзан барои омода намудани таронаҳои писанди шунаванда хеле вақти хешро сарф мекунем, баъзан асабҳои ман хеле мондаву хаста мегардад. Баъзан чунон вайрон мешавад, ки қасди мондашавиро аз ҳамсарам мегирам (механдад) шӯхӣ карда истодаам, хаста мешавам лекин вақте ки ба хона мераваму мебинам, ки ҳамсараму модарам хӯрокӣ болаззат омода намудаанд, дарҳол хастагиям меравад.

 Ба ҳар ҳол омода намудани плейлисти мусиқавӣ бароям шавқовар аст.

 Эҳсонҷон: Ба Шумо шунавандагони радиои “Тироз” ва истифодабарандагони медиапортали www.tiroz.org ҳамеша табъи хушу гувороро таманно дорам.

2 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

28 феврал иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

28 феврал дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: