Аҷоибтарин одамони ҷаҳон – Оё шумо медонед, ки марди 64 – солаи ветнами зиёда аз 30 сол аст, ки хоб намеравад? Ҷаноби Тхай Нгок аз соли 1973, ки дар ватанаш бемории вараҷа хукмрон буду ин бемориро аз сар гузаронид, гирифтори бемории бехобӣ мебошад. Бо вуҷуди ин вай ягон душвориро ҳис намекунад, ба гунаи дигарон e ҳам хоҷагии хешро ба пеш мебарад. Ҳар рӯз вай ба масофаи якчанд километр дуртар аз хонааш 50 килограмм пору мебарад. Ягона чизе, ки eро азоб медихад, ин фикри шабона ба чӣ кор машғул шудан мебошад. Вай шабона баррачаҳоро мешуморад, хоҷагии худро посбонӣ мекунад, овораи корҳои хона мешавад. Тӯли 3 моҳи шаби бехобӣ e 2 ҳавзи бузурге бикофт, ки акнун метавонад дар он моҳиҳоро парвариш намояд. Ҳангоми аз муоинаи духтур гузаштан муайян гашт, ки вай ягон беморӣ надорад, танҳо каме дигаргунӣ дар кори ҷигар ба мушоҳида расиду халос.
Аксияи экологӣ: пешгирӣ аз хатари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист
Дар маҷмааҳо ва марказҳои савдои «Ашан», «Авранг» ва «Пайкар» бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» дар ...

Нет комментариев